расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ҲАМЛАГАРИ МАРГТАЛАБ ДАР КИРМОНИ ЭРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ЯК ҲАМЛАГАРИ МАРГТАЛАБ ДАР КИРМОНИ ЭРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААСТ

ЯК ҲАМЛАГАРИ МАРГТАЛАБ ДАР КИРМОНИ ЭРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААСТ
Вазорати иттилооти Эрон шоми 5 январи соли 2024 бо нашри як баёния эълон кард, ки яке аз ду ҳамлагари маргталаб, ки худро дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон тарконданд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Бар асари ин ҳамлаи рӯзи 3 январи соли 2024 др Кирмон ҳудуди 100 тан кушта ва беш аз 280 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Ин вазоратхона, ки умури амнияти ҷумҳурии исломиро дар даст дорад,  гуфтааст, шахсияти ҳамлагари дуюмро ҳанӯз мушаххас накардаанд. Вале то ба имрӯз мақомоти амниятии Эрон алакай дасти кам 11 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ дар 6 вилояти Эрон шиносоӣ ва дастгир кардаанд.
Лозим ба гуфтан аст, ки дар гузашта низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба даст доштан дар амалҳои террористӣ дар хоки Эрон айбдор шудаанд. Он ҳамлаҳо низ аз номи ДОИШ анҷом шуда буд
Аз ҷумла 26-уми октябри соли 2023 Комрони Субҳон, ки 23 сол дошт ва аз Ҳисори Тоҷикистон буду бо тахаллусҳои Ҳомиди Бадахшонӣ ва Абӯ Оиша дар байни ҷангҷӯён маъруф будааст, ба "Шоҳи Чароғ",  як мазори муқаддаси шиъаҳо дар шаҳри Шероз ворид шуда, ба сӯи зоирон тир кушод. Дар натиҷаи он ҳамла 13 нафар кушта ва 27 тан маҷрӯҳ шуданд. Комрони Субҳон ба даст афтод, вале чанд рӯз баъд  бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Шероз фавтид.
 Рӯзи 13 августи соли 2023 ДОИШ ба нишони интиқом ба судури ҳукми қатли шарикони Комрони Субҳон ба мазори Шоҳи Чароғ ҳамлаи дуюмро сурат дод, ки ду кушта ва 7 захмӣ ба ҷо гузошт. Бо ҷурми даст доштан дар ин ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов алакай моҳи сентябри соли 2023 ба ду ҳукми қатл маҳкум шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.