расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАР АСАРИ ТАРКИШҲО ДАР ШАҲРИ КИРМОНИ ЭРОН БЕШ АЗ 100 КАС КУШТА ШУДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

БАР АСАРИ ТАРКИШҲО ДАР ШАҲРИ КИРМОНИ ЭРОН БЕШ АЗ 100 КАС КУШТА ШУДАНД

БАР АСАРИ ТАРКИШҲО ДАР ШАҲРИ КИРМОНИ ЭРОН БЕШ АЗ 100 КАС КУШТА ШУДАНД 
Рӯзи 3-юми январи соли 2024 бар асари ду таркиш дар шаҳри Кирмони Эрон дастикам 103 нафар кушта ва 211 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бораи пойгоҳи хабарии "Тасним", ки наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст, хабар додааст. Расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки таркишҳо дар чаҳорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи Қудси Сипоҳи посдорон дар масири сӯи "Гулзори шуҳадои Кирмон", маҳалли дафни Қосим Сулаймонӣ ба вуқуъ пайвастааст.
То ба ҳол ба кадом шакл таркишҳо ба вуқуъ пайвастаанд?, маълумоти мушаххасе дастраси расонаҳо нашудааст. Шаҳрдори Кирмон гуфтааст, ки "инфиҷорҳо тавассути копсулҳои газӣ (балони газ) анҷом дода шудааст". Аммо Ҳусайн Ҷалолӣ, намояндаи Рафсанҷон дар маҷлиси Эрон таъкид кардааст, ки "инфиҷорҳои Кирмон интиҳорӣ (яъне ҳастанд".
 Дар Кирмон 3 рӯзи ояндаро рӯзҳои мотам эълон кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.