расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон.

Асосӣ / Президент

Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи шадид дар Ҷопон, ки боиси харобиҳои зиёду ҳалокати одамон гардид, ба сарвазири ин кишвар Фумио Кисида барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад,  дар барқияи президенти ҷумҳурӣ гуфта мешавад, хабари заминларза дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикаваро, ки талафоти инсонӣ ва хисороти зиёди молӣ бар ҷой гузоштааст, дар Тоҷикистон бо андуҳи амиқ қабул карданд.
Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷопон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам», - зикр мешавад дар барқия.
Тибқи маълумоти ахир, теъдоди қурбониёни заминларза дар Ҷопон то 73 нафар расида, зиёда аз 100 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Беш аз 200 манзил ва 250 иншооти таъиноти гуногун тахриб шудаанд.
Дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса зиёда аз 60 ҳазор нафар сокинони қисматҳои марказӣ ва ғарби Ҷопон маҷбур шуданд, ки ба маконҳои амну бехатар бикӯчанд. Ҳоло ҳам ҳудуди 30 ҳазор нафари онҳо дар ин марказҳо боқӣ мондаанд.
Заминларзаи охир аз соли 2016 ба ин тараф пурқорбонитарин заминларза дар Ҷопон будааст. Соли 2011 дар Ҷопон заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Ин фоҷиаи ҷиддитарини атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.