расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЗАНИ КИСАБУР ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ҒАФУРОВ

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ЗАНИ КИСАБУР ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ҒАФУРОВ

БОЗДОШТИ ЗАНИ КИСАБУР ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ҒАФУРОВ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани дуздии 4 сар чорвои як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 50 ҳазор рублу корти бонкии як сокини Деваштик дар бозори шаҳри Истаравшан хабар дод ва гуфт, барои дуздии аввали як сокини пеш ҳам барои дуздӣ зиндоншудаи ноҳияи Ғафуров ва барои дуздӣ дар бозори Истаравшан ... як зани 53-сола дастгир шудаанд.
Аз ҷумла ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи Деваштич ворид гардид, ки 6-уми декабри соли 2023, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум ҳангоми дар дохили бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш ҳамёнашро, ки дар дохилаш 50 ҳазор рубли русӣ ва 1-адад корти «Амонатбонк» буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 53-солаи сокини шаҳри Истаравшан содир намудааст.
Нисбат ба ҳарду гумонбаршаванда парвандаҳои ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои дуздӣ ҳамчун ҷазо то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.