расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ ОҒОЗ ЁФТ, ВАЛЕ ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА

Асосӣ / Ҷомеа

МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ ОҒОЗ ЁФТ, ВАЛЕ ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА

МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ  ОҒОЗ ЁФТ, ВАЛЕ ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2023 ба муҳокимаи парвандаи пурсарусадои рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев оғоз кардааст, вале мурофиа пушти дарҳои баста дар дохили  боздоштгоҳ, ё СИЗО №1 мегузарад.
Мақомоти Додгоҳи олӣ то ҳол хабари оғози мурофиаи ин парвандаи аз ҳама пурсарусадои як соли гузаштаро расман ягон шарҳ надодаанд, вале пайвандони яке аз муттаҳамон ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 2-юми январи соли 2024 ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтааст, мурофиаи аввал 25-уми декабри соли 2023 гузашт. “Муҳокима рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр низ идома кард. Имрӯз, 2-юми январ, мурофиа ҷараён дорад. Ба ҷуз аз вакилони мудофеъ каси дигаре иҷозаи иштирок дар мурофиаро надорад," – афзудааст ӯ.
Қаблан “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин парванда муҳри махфӣ задааст ва муҳокимааш пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт. Сабаби муҳри махфӣ задан ба ин парванда то ҳол расман ягон шарҳ дода нашудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 18 ноябри соли 2023 парвандаи рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ супурда буд. Додситонӣ ҳамон вақт гуфта буд, ки дар ин ҷиноят 14 нафар, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов айбдор мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.