расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВКД МЕГӮЯД, ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ ЯК ҶИНОЯТ РУХ ДОДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ВКД МЕГӮЯД, ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ ЯК ҶИНОЯТ РУХ ДОДААСТ

ВКД МЕГӮЯД, ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ ЯК ҶИНОЯТ РУХ ДОДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби Соли нав, яъне шаби 31 декабри соли 2023 ба 1 январи соли 2024, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як ҷиноят сабт шудааст. Вазорат инро “натиҷаи фаъолияти пурсамари мақомот” мешуморад. “Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва бурдани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, дар шаби Соли нави мелодӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 ҷиноят ба қайд гирифта шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи расмии ВКД. 
“Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлол ва осоиштагии мардум яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагию ҳамкорӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки чорабиниҳои Солинавӣ дар фазои идона, тинҷию амонӣ ва осоиштагию оромӣ баргузор гардида, амну суботи кишвар таъмин карда шавад”,  - таъкид шудааст ҳамчунин дар иттилоияи  вазорат.
Сокинон мегӯянд, ҳарчанд шаби Соли нав истифодаи фаровон аз маводи тарфгарӣ (“хлопушка”) оромии мардумро зиёд халалдор мекард, вале ба сурати умум ид ба оромӣ гузашт.
Ҳарсол дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 22 ҳазор то 24 ҳазор ҷиноят сабт мешавад. Яъне ба ҳисоби миёна то 70 ҷиноят дар як шабонарӯз.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.