Дар кадом ҳолатҳо ба муҳоҷирони тоҷик ҷазои ихроҷ таҳдид мекунад ва дар кадом вақт - ҷарима?
Аз ҷониби муҳоҷирон вайрон кардани қонунгузории кишвар дар як қатор ҳолатҳо ба ихроҷи онҳо боис шуда метавонад. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ғайриқонунӣ кор кунад, барои будубошаш дар кишвар ҳуҷҷатҳои дахлдор надошта бошад, муҳлати ҳузурашро гузаронад ва ғайра. Ихроҷ оқибатҳои вазнин дорад, зеро вуруд ба Русия метавонад ба муҳлати 5 ё ҳатто 10 сол манъ карда шавад.Аммо дар моҳи декабри соли ҷорӣ Думаи давлатӣ тағйиротеро қабул кард, ки мутобиқи он дар баъзе мавридҳо қарори ихроҷи муҳоҷирон бо ҷазои сабуктар - ҷарима иваз шуда метавонад. Дар кадом ҳолатҳо ин имконпазир аст ва маблағи ҷарима чӣ қадар шуда метавонад?Маълум нест, ки қонун кай мавриди амал қарор мегирад, зеро муҳлати хеле зиёд - аз соли 2017 баррасӣ мешавад.
Аммо ахиран фаъолона ба такмили лоиҳаи қонуни “фаромӯшшуда” пардохта, онро ба қироати дуюм пешниҳод карданд. Яъне то қабули лоиҳаи қонун на он қадр зиёд марҳилаҳои расмӣ боқӣ мондаанд.