расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд

Асосӣ / Сиёсат

Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд

Расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додан, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистон ҳадафҳои стратегианд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Давлати Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилоти мардум ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардаст, ки онҳоро зина ба зина амалӣ месозад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавияш изҳор дошт.
Ӯ гуфт, соли сипаришуда дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд.
"То имрӯз аз 28 ҳазору 350 иншооти тибқи нақша пешбинигардида 10 ҳазору 500 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 37 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад", -изҳор дошт президент.
Ӯ гуфт, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои Тоҷикистон боз як соли бобарору хотирмон гардид. Шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.
"Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд", - илова намуд президент.
Вай зикр намуд, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки барои амалӣ намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳо сафарбар шудаанд.
Ҳадаф муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам ва фароҳам сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як фард арзёбӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 ба мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.