расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Имтиёз ба фурудгоҳи Хуҷанд. Воридоти таҷҳизот барои таъмир 50% аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Имтиёз ба фурудгоҳи Хуҷанд. Воридоти таҷҳизот барои таъмир 50% аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд

Техника ва таҷҳизоте, ки барои азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид мешаванд, 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд. Дар ин бора ба Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 тағйиру иловаҳо ворид гардид ва онро вакилони парлумон ба тасвиб расониданд.
“Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи рӯзи 26-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи тағйиру иловаҳо дар назди вакилон гуфт, он бо мақсади дастгирии молиявии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва дар ин замина, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва сайёҳон таҳия гардидааст.
Дар асоси лоиҳа, таҷҳизоте мисли трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо 50 дарсад аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.Ёдовар мешавем, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд чанд вақт аст ки таъмиру тармим мешавад. Барои таъмири он аз буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хуҷанд толорҳои навро боз карда буд.
Он замон гуфта мешуд, ки толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 млн сомонӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.
Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то дар як вақт ба 400-500 нафар мусофир хидматрасонӣ карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.