расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ МУҲОҶИРИ 52-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ҶОИ КОРАШ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

МАРГИ МУҲОҶИРИ 52-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ҶОИ КОРАШ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

МАРГИ МУҲОҶИРИ 52-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ҶОИ КОРАШ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ
Шоми 27 декабри соли 2023 як муҳоҷири 52-сола аз Тоҷикистон дар як корхона дар шаҳри Колпино дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия зери дастгоҳ монда, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Санкт-Петербург”, шоми чоршанбе, 27 декабр ба рақами 112 муовини сардори коргоҳи яке аз ширкатҳои Колпино занг зада, хабар додааст, ки як коргараш зери дастгоҳ мондааст.
Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасадюи шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Ӯ дар коргоҳи  истеҳсоли блокҳои силикати ба оташ тобовар ба ҳайси резагар (дробильщик) кор мекард. 
Ҳангоми кор дастгоҳ ногаҳон дасти ин коргари тоҷикро кашида бурдааст ва қафаси синаашро низ пахш кардааст. Дар натиҷа, ин мард дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. 
Колпино шаҳрест бо 143 ҳазор аҳолӣ дар канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Санкт-Петербург ва расман ба ҳайъати Петербург шомил мешавад. Солҳои охир дар Колпино авҷи сохтмони биноҳои бисёрқабатаи истиқомативу тиҷоратӣ ба назар мерасад. Дар сохтмонҳои Колпино ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик низ кор мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.