расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ДУ ЗОИРИ ТОҶИК ДАР ҲАҶҶИ УМРА ДАР МАККА

Асосӣ / Муҳоҷир

МАРГИ ДУ ЗОИРИ ТОҶИК ДАР ҲАҶҶИ УМРА ДАР МАККА

МАРГИ ДУ ЗОИРИ ТОҶИК ДАР ҲАҶҶИ УМРА ДАР МАККА
Шоми 27 декабри соли 2023 дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ як гуруҳи зоирон аз Тоҷикистону Малайзия зери зарбаи тундару чароғак мондаанд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ 5 зоир: 3 нафар аз Малайзия ва 2 зоири тоҷик дар ҷои ҳодиса ҷон дода, як зоири дигари тоҷикро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд.
Яке аз зоирони дар Макка ҳалокшуда Зайдуллоев Алишер Саидшоевич, соли таваллудаш 1997, падари ду фарзанд, зодаи деҳаи Ғалабаи дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод будааст.
Алишер Зайдуллоев дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар як дӯкони гӯштфурӯшӣ кор мекард ва, ба гуфтаи наздиконаш, ягон 10 рӯз қабл аз Екатеринбург бо нияти Ҳаҷҷи Умра ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд.
“Шоми 27 декабр тундару чароғаки сахт мезанад дар Макка ва 6 зоир:  нафар аз Малайзия ва 3 нафар аз Тоҷикистон зери ин офат мондаанд. Бародари мо Алишер ва як тоҷики дигар, ҳамчунин он се нафари дигар аз Малайзия дар ҳамон ҷо ҷон ба Ҳақ супурдаанд. Як тоҷики дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон аст. Як гуруҳ бародарони мо, аз ҷумла мулло Асадулло ва мулло Қандил ҳамон ҷо, дар Макка будаанд ва гуфтанд, ки имрӯз қурбониҳои ин офатро дар ҳамон ҷо, дар Макка ба хок месупоранд. Чунин марг дар Хонаи Худо лоиқи ҳар кас намешавад ва мо ҳам розӣ шудем, ки дар Хонаи Худо ба хок бисупоранд Алишери моро”,  - нақл кард дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз наздикони марҳум Алишер Зиёдуллоев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.