расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Гулистон бо пули муҳоҷирон 15 км роҳ мумфарш шудааст.

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Дар Гулистон бо пули муҳоҷирон 15 км роҳ мумфарш шудааст.

Се соли охир муҳоҷирон 62 км роҳи деҳаро мумфарш кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик бо ҷамъоварии 35 млн сомонӣ давоми се моҳи охир беш аз 15 км роҳи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (пештара Қайроққум)-ро мумфарш кардаанд.

Парвиз Қосимов, ташаббускори ин иқдом дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, роҳи мазкур 60 сол боз таъмирталаб буд ва то ин замон сокинон дар ин хусус борҳо ба ҳукумати шаҳри Гулистон ва дигар сохторҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа анҷом ёфтааст.
“Билохира, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони шаҳрак тасмим гирифтанд, ки пул ҷамъ карда, ин роҳро таъмир кунанд. Беш аз 2 ҳазор нафар ба ин кори хайр ҳамроҳ шуданду саҳм гузоштанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Парвиз Қосимов зикр кард, ки ба ин иқдом на танҳо сокинони шаҳраки Адрасмон, балки сокинони деҳаҳои Долона, Қарамазор ва Тарекон ҳам саҳми худро гузоштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.