расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЗОДАИ ТАБОШАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Асосӣ / Муҳоҷир

ЗОДАИ ТАБОШАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

ЗОДАИ ТАБОШАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД
Боз як зодаи Тоҷикистон, ки аз тарафи Русия меҷангид, дар ҷанги зидди Украина кушта шуд. Константин Домников, зодаи шаҳраки Табошар (ҳоло шаҳри Истиқлол) дар шимоли Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар ноҳияи Петровскийи вилояти Саратови Русия ба сар мебурд, дар Петровск зану духтару чорсола ва модарашро танҳо боқӣ гузошт ва дар Уфа – падари нафақахӯрашро. Дар бораи ҳалокати ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 26 декабри соли 2023 пойгоҳи хабарии “СарИнформ” хабар дод. Константин Домников 20 феврали соли 1983 дар шаҳраки Табошар (ҳоло шаҳри Истиқлол) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Барои иштирок дар ҷанги зидди Чеченистон Константин Домников бо ордени “Мужество” (“Мардонагm”) ва нишони ифтихории “Барои хидмат дар Қафқоз” (“За службу на Кавказе”) қадрдонӣ шуда буд. Баъди ҷавоб шудан аз хидмати артиш, Домников ба Петровск баргашт ва дар корхонаи нонпазии “Петровские хлеба” кор мекард. Соли 2022 Домников дар ҷараёни маъракаи басиҷсозӣ (мобилизатсия) боз ба хидмат даъват гардида, ба ҷабҳаи ҷанги зидди Украина фиристода шуд.Ӯ дар як бригадаи савораи тирандоз ба ҳайси тирандоз хидмат мекард ва рӯзи 9 декабр дар қаламрави вилояти Донетск кушта шуд. Дар бораи чӣ гуна кушта шудани ӯ ба ҷуз аз як ибораи кӯтоҳ ки “ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ кушта шуд” тафсилоти дигаре дода нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.