расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСИЯ НИРӮҲОИ ПОЙГОҲИ ҲАРБИИ 201-УМАШРО АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА БУРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

РУСИЯ НИРӮҲОИ ПОЙГОҲИ ҲАРБИИ 201-УМАШРО АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА БУРДААСТ

РУСИЯ НИРӮҲОИ ПОЙГОҲИ ҲАРБИИ 201-УМАШРО АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА БУРДААСТ
Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг (ISW, Institute for the study of war), ки як созмони ғайридавлатии амрикоист, бо истинод ба Телеграм-канали пропагандистии рӯ ба Русияи  “Операция Z: Военкоры русской весны” хабар дод, ки нирӯҳои пойгоҳи 201-ум ҳамроҳи воҳиди спетснази “Ахмат”, ки ҷангиёни чеченро дар бар мегирад, ахиран дар ҳудуди ҷангалзори Кремен дар қаламрави ноҳияи Северодонетски вилояти Луҳански Украина мушоҳида шудаанд.  Канали “Операция Z: Военкоры русской весны”  хабар дод, ки воҳиди “Амур” аз спетснази 204-уми “Ахмат” бо кумаки тӯпхонаҳои пойгоҳи 201-ум дар ҷангалзори Кремен амалиёти муштаракеро анҷом додаанд ва нирӯҳои спетнази “Ахмат” як гуруҳи ҷанговарони артиши Украинаро аз байн бурда, мавқеъҳоеро, ки бо кумаки дронҳо ошкор карданд, ба даст овардааст. Дар бораи инки нирӯҳои Русия дар ин ҷангалзор чӣ мавқеъҳоеро ба даст оварданд, ин канал маълумоти мушаххастаре надодааст.
Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг таъкид кардааст, ки “ҳузури нирӯҳои пойгоҳи ҳарбии 201-ум, ки ба Ҳавзаи зҳарбии марказӣ тааллуқ дошта, дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мустақар мебошанд, юаёнгари он аст, ки артиши Русия бо мақсади тақвияти амалиёти ҷангӣ ба интиқоли як қисми нирӯҳои худ аз Тоҷикистон (ба Украина) идома дода истодааст”. Худи мақомоти пойгоҳи 201-ум ва Ҳавзаи марказии артиши Русия, ки ин пойгоҳ дар ихтиёри он қарор дорад, то кунун дар бораи дар ҷанги зидди Украина иштирок кардани нирӯҳои дар Тоҷикистон мустақарбудаи ин пойгоҳ ягон шарҳи расмӣ надодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.