расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Петербург наврасон боз як муҳоҷири тоҷикро лату кӯб карданд.

Асосӣ / Муҳоҷир

Дар Петербург наврасон боз як муҳоҷири тоҷикро лату кӯб карданд.

Тахминан соатҳои 16-и рӯзи 24 декабр як боррасон (курйер) - шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кард.
Ӯ изҳор намуд, ки вақте фармоишро ба як суроға дар хиёбони Витебский мебурдааст, чор нафар ҷавонон ба ӯ дарафтода, лату кӯб кардаанд.
Тавре ки “Коммерсант” хабар медиҳад, дар беморхона ҷароҳатҳои аз сар ва дигар узвҳо гирифтаи ӯро сабт карда, пас аз расонидани кумак ба хонааш раҳо кардаанд.
Дар бораи ҷабрдида маълумот дода намешавад. Танҳо зикр мегардад, ки ӯ сокини шаҳраки Александровскаяи ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербург мебошад.
Ин ҳодиса дар камераҳои видеоӣ сабт шудааст. Дида мешавад, ки чор нафар ҷавонон бидуни сабабе ба лату кӯби боррасон дар назди даромадгоҳи хона оғоз мекунанд. Яке аз онҳо бо пояш ба сари ӯ зарба зада, дигарон аз баллони газ ба рӯи ӯ маҳлул мепошанд ва яке аз ҷавонон инро дар камераи видео сабт мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.