расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР БОЗОРИ ВАҲДАТ ВА МАҲАЛЛАИ 34-УМИ ХУҶАНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР БОЗОРИ ВАҲДАТ ВА МАҲАЛЛАИ 34-УМИ ХУҶАНД

ДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР БОЗОРИ ВАҲДАТ ВА МАҲАЛЛАИ 34-УМИ ХУҶАНД
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми декабри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми дар назди бозори шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, шахси номаълум ӯро лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 2 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд. Гумонбаршаванда субҳи 18-уми декабри соли 2023, тахминан соати 06:00, дар ҳудуди маҳаллаи 34-ум ҳамроҳ бо шахси ба тафтишот номаълум, дар ҳолати мастӣ марди 35-солаи сокини шаҳри Гулистонро лату кӯб намуда, ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А32»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.