расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ 32-СОЛА ДАР КИЛОМЕТРИ 190-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ 32-СОЛА ДАР КИЛОМЕТРИ 190-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ 32-СОЛА ДАР КИЛОМЕТРИ 190-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодддаи Тоҷикистон аз як садамаи маргновар дар километри 190-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи шанбе, 23 декабри соли 2023, тахминан соати 13:30, як мошини тамғаи Hyundai Elantra, ки аз ҷониби як сокини 32-солаи кӯчаи Ҳомидови шаҳри Хуҷанд идора мешуд, дар километри 189,9-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дучори садама шуд ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ин мошин аз шаҳри Панҷакент ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст, вале ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва мошин канори роҳ чаппа шудааст. Бар асари ҷароҳати шадид ронанда ҷон бохтааст. Мақомот сабаби  садамаро таҳқиқ мекунанд.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  қаблан хабар дода буд, ки соати шаши субҳи 21 декабри соли 2023, тақрибан дар як вақт дар ду садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Ёвон дар ҷануби ҷумҳурӣ ва шаҳраки Ғафуров дар шимоли кишвар 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Ёвон бар асари ба канали деҳаи Гулафшон чаппа шудани мошини “Мерседес” ронанда ва 3 мусофири ин мошин ҷон бохтанд. Дар Ғафуров як ҷавонзан бо фарзанди сесолааш зери чархи мошини роҳгузари низ тамғаи “Мерседес” ҳалок шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.