расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗ ЯК КОРИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН: 113 ТОННА КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР КӮЛОБУ БОХТАР

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗ ЯК КОРИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН: 113 ТОННА КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР КӮЛОБУ БОХТАР

БОЗ ЯК КОРИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН: 113 ТОННА КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР КӮЛОБУ БОХТАР
Соҳибкори дастбахайри тоҷик, раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, ки бо ёриҳои хайрияаш ба мардуми ниёзманд ном баровардааст, ахиран ба сокинони  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 113 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал,аз қабили орд, шакару равған, беш аз 300 кило гӯшт ва бо маблағи умумии  зиёда аз 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ кумак расонидааст.
Аз ҷумла, Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар шаҳри Кӯлоб ба беш аз 1 ҳазору 740 нафар бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ кумак ва туҳфаҳо расонидааст. Гуфта мешавад,  ба ниёзмандон, пирони барҷомонда, тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии тавонбахшӣ, мактаб-интернатҳо, кормандони хизматрасонии коммуналӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар  шаҳри Кӯлоб ашёи зарурӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орду шакар ва  равған дастрас шуд.Инчунин аз ҷониби соҳибкор ба хизматчиёни дастаи таъйиноти махсуси ВКД дар шаҳри Кӯлоб ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо дар маҷмуъ ба 150 нафар кумаки яквақтаи иборат аз маҳсулоти хӯрока, ба мисли орд, равған ва шакар расонида шуд.
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ҳамчунин дар шаҳри Бохтар низ ба 500 нафар, бо шумули пиронсолону собиқадорони ҷангу меҳнат, хосса муассисаҳои хизматрасонии коммуналии шаҳр кумаки дастовезҳо тақдим кардааст.
Дар ин рӯз аз ҳисоби ин соҳибкор ҳамчунин ба хизматчиёни қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 800 армуғони идона, иборат аз маҳсулоти ширинию қаннодӣ тақдим гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.