расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БЕШ АЗ 15 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ ДАР ЯК ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРКАЗИ ПРАГА

Асосӣ / Ҷаҳон

БЕШ АЗ 15 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ ДАР ЯК ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРКАЗИ ПРАГА

БЕШ АЗ 15 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ ДАР ЯК ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРКАЗИ ПРАГА
Нимаи дуюми рӯзи 21 декабри соли 2023 дар маркази Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, дар бинои риштаи фалсафаи Донишгоҳи ба номи Карл тирпарронӣ рух дод, ки ба гуфтаи мақомот, беш аз 15 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Вазъи 9 тан аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад. Пулиси Чехия гуфт, ки тирандоз кушта шуд. Шаҳрдори Прага Боҳуслав Свобода гуфт, ки тирандоз аз баландӣ худро ба замин ҳаво дода, ба ҳалокат расидааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ин донишҷӯи 24-солаи риштаи таърихи ҳамин Донишгоҳи Карл аст. Ӯ бо худ камон бо дурбини оптикӣ доштааст. Бархе расонаҳои Чехия хабар доданд, ки тирандоз Давид Козак ном дошта, давоми рӯзи 21 декабр аз тарафи пулиси Русия дар робита ба як ҳодисаи одамкушӣ дар деҳаи Кладенско дар байни шаҳрҳои Прага ва Кладно ҷустуҷӯ мешуд.
Ондра Соукуп, хабарнигори радиои Чехия дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки тирандоз фарёд задааст, ки ӯ падари худашро кушт ва акнун дигаронро мекушад. Баъди тирпарронӣ дар дохили бино тирандоз аз рӯи боми бинои донишгоҳ раҳгузаронро чӯт гирифта, паррондааст. Пулис гуфт, дар бораи эҳтимоли ҳамла хабар ёфта буд, вале тирандозро дар дигар бинои донишгоҳ ҷустуҷӯ мекарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.