расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ЗОДАГОНИ НОҲИЯИ ВАХШ ДАР ПОЙТАХТ

Асосӣ / Ҷомеа

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ЗОДАГОНИ НОҲИЯИ ВАХШ ДАР ПОЙТАХТ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ЗОДАГОНИ НОҲИЯИ ВАХШ ДАР ПОЙТАХТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 декабри соли 2023 хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. ВКД дар шарҳи сабаби боздошти ин сокини Вахш гуфт: “Номбурда, 10-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:05-дақиқа, ҳамроҳи бародараш, ҷавони 21-сола ва тағояш, марди 32-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Вахш ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Вахш муноқиша намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Гумонбаршаванда бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷайбаш корди худро бароварда, ба шиками ҷабрдида 1 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст”.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби дар пойтахт, шаҳри Душанбе занозанӣ кардани зодагони ноҳияи Вахш гуфта нашудааст. Худи дастгиршуда ваё наздиконашон, ҳамин тавр, тарафи ҷабрдида барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд. ВКД гуфт, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ вобаста ба то чӣ дараҷа ҷиддӣ будани осеби ба саломатии ҷабрдида расондааш ҳамчун ҷазо аз 2 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Истифода аз корд дар ҷараёни муноқишаҳо дар Тоҷикистон, тавре аз навори хабарҳои криминалӣ бармеояд, зиёд шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.