расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Онҳо кистанд?

Асосӣ / Варзиш

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Онҳо кистанд?



Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс, ки аз 12-ум то 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, дар мусобиқа, ки байни занону мардон доир шуд, 175 муштзан иштирок намуд, ки 57 нафари онҳоро занон буданд.
Ҳамин тариқ, дар байни мардон Меҳроҷиддин Баротов дар вазни зери 48кг, Меҳрон Шафиев дар вазни зери 51кг, Меҳроҷ Зоҳидов дар вазни аз 54кг поин, Асрор Воҳидов дар вазни зери 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни зери 60кг ва  Баҳодур Усмонов дар вазни аз 63,5кг поин қаҳрамони бокси Тоҷикистон шуданд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон
“Ҳамчунин Саидикром Амонов (-67кг), Шаҳобхон Шукуров (-71кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Парвиз Каримов (-86кг), Баҳман Расулов (-92кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) байни мардҳо ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд”, - гуфтааст федератсияи бокси кишвар.
Қаҳрамонҳои бокс дар байни занон дар соли 2023 Сумайя Қосимова дар вазни зери 48кг, Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни аз 51кг поин, Рухсора Қурбонова дар вазни зери 52кг, Фариза Ёқубова дар вазни аз 54кг поин, Дилдода Асақолова дар вазни зери 57кг, Дилноза Нуримова дар вазни зери 60кг, Мавзунаи Аҳмадҷон дар вазни зери 63кг, Малика Нозимова дар вазни зери 66кг, Мавлуда Одинаева дар вазни аз 70кг поин, Дилрабо Холмуродова дар вазни зери 75кг, Гуларус Шоева аз вазни зери 81 кг ва Фарзона Каримова аз вазни аз 81кг боло даст ёфтаанд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон
Аз федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ туҳфа намуд. Аз ҷумла, ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ тақдҳисоби ғолибон тими мунтахаби Тоҷикистон таъсис ёфт. Онҳо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, инчунин дигар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки дар байни қаҳрамонҳои бокс Давлат Болтаев дар вазни зери 92кг ва Миҷгона Самадова дар вазни зери 57кг дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд
.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.