расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШАРҲИ МИЛИТСИЯ ДАР БОРАИ СӮХТОРИ ШАБОНА ДАР ЯК ДӮКОНИ БОЗОРИ “САХОВАТ”

Асосӣ / Ҷомеа

ШАРҲИ МИЛИТСИЯ ДАР БОРАИ СӮХТОРИ ШАБОНА ДАР ЯК ДӮКОНИ БОЗОРИ “САХОВАТ”

ШАРҲИ МИЛИТСИЯ ДАР БОРАИ СӮХТОРИ ШАБОНА ДАР ЯК ДӮКОНИ БОЗОРИ “САХОВАТ” 
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18 декабри соли 2023 дар шарҳи хабари сӯхтор дар як ошхона дар канори бозори “Саховат” хабар дод, ки шаби 17 декабри соли 2023, тахминан соати 01:24, ошхона не, балки дар дӯкони “тезтайёр” (фастфуд), воқеъ дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, ки ба шаҳрванд Мӯсоев Бобохон Қурбонхонович, санаи таваллудаш 1956, сокини шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омадааст.
Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, сӯхтор дар масоҳати 10 метри мураббаъ паҳн шуда буд ва сӯхторнишонҳо дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сӯхторро дар ҳамон масоҳати аввалааш  пурра хомӯш карданд.  “Мувофиқи натиҷаҳои санҷиши пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад”, - хабар додааст милитсияи Душанбе. Дар хабар дар бораи ҳаҷми зарари расида бар асари ин офат чизе гуфта нашудааст.
Қаблан хабар омада буд, ки соати тақрибан якуними шаби 17 декабри соли 2023 як  ошхонаи воқеъ дар паҳлуи роҳи зеризаминӣ (“подземка)-и чорроҳаи бозори “Саховат” дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе оташ гирифтааст. Дар сабти видеоӣ аз ҷои ҳодиса, ки аз як мошини роҳгузар сабт шуда буд, дида мешуд, як бинои якқабатаи воқеъ дар сари чорроҳаи “Саховат” дар гирифтааст ва аз дохили он забонаи оташ ба осмон баланд мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.