расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мусодираи миқдори махсусан зиёди оташфаввора (салют) ва тарконакҳои хурд (хлопушка)

Асосӣ / Ҷомеа

Мусодираи миқдори махсусан зиёди оташфаввора (салют) ва тарконакҳои хурд (хлопушка)

Мусодираи миқдори махсусан зиёди оташфаввора (салют) ва тарконакҳои хурд (хлопушка)
Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ду нафар паҳнкунандагони маводҳои тарфгарӣ дастгир карда шуда, аз онҳо шумораи махсусан зиёди чунин маводҳо дарёфту мусодира карда шуданд.
Ҳамчун гумонбар, шаҳрвандон Назаров Фирӯз Шодиевич, санаи таваллудаш 18.01.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Гадоев Амирҳамза Абдураҳимович, санаи таваллудаш 18.05.1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Тезгари боло дастгир карда шуданд, ки номбурдагон маводҳои тарфгариро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта, мехостанд аз ин ҳисоб фоида ба даст оваранд. Зимни кофтуков аз номбурдагон ба миқдори 52640-дона тарконакҳои хурд (хлопушка) дарёфту мусодира карда шуданд.
Ҳамзамон, дар асоси нишондоди номбурдагон ва дар идомаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз амборхона воқеъ дар н.Рӯдакӣ, деҳаи Тезгари боло, ки ҳамчун махфигоҳ барои нигоҳ доштани маводҳои тарфгарӣ истифода мешуд, дар ҳаҷми 5388-дона оташфаввораҳои гуногунтамға дарфёту мусодира карда шуданд. 
Айни замон, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи-1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.