расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР ХОНААШ КОРД ЗАДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР ХОНААШ КОРД ЗАДААНД

ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР ХОНААШ КОРД ЗАДААНД
Ба ШВКД шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 13-уми декабри соли 2023, тахминан соати 22:30, марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр дар манзили истиқоматиаш бе ягон асос бо ӯ муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисмати шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
xxxxxxxx
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 28-уми ноябри соли 2023, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ошхонаи «Сомониён» ворид шуда, аз дохили хазина 2500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-Х»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. ҲAз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.