расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВИДЕОИ ЧОЛОКИИ ЯК ЗАН АЗ КӮШОНИЁН, КИ КУЛЧАИ ГАЗИДАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПЕШДАСТӢ КАРДА, ГИРИФТ

Асосӣ / Ҷомеа

ВИДЕОИ ЧОЛОКИИ ЯК ЗАН АЗ КӮШОНИЁН, КИ КУЛЧАИ ГАЗИДАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПЕШДАСТӢ КАРДА, ГИРИФТ

ВИДЕОИ ЧОЛОКИИ ЯК ЗАН АЗ КӮШОНИЁН, КИ КУЛЧАИ ГАЗИДАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПЕШДАСТӢ КАРДА, ГИРИФТ 
Дар Интернет видеои пешдастии як зан, ки кулчаи газидаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чолокона, ба қавли мардум, қап зада гирифт, пуртамошобин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Вахш қарор дорад, рӯзи 14 декабри соли 2023 дар ноҳияи Кӯшониён дар маросими ифтитоҳи сардхонаи ширкати “Сомон Агро Саноат”  иштирок кард. Гуфта мешвад, ки дар ин сардхона феълан метавонад то 2 ҳазор тонна меваю сабзавот ва баъди анҷоми марҳалаи дуюми сохтмонаш зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавот ҷойгир кард. Дастгоҳҳои замонавӣ, аз кишварҳои Туркия ва Италия ворид гардида, ҳарорати дохили сардхонаро аз 5 дараҷа гармӣ то 10 дараҷа хунукӣ нигоҳ медорад. Ин имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва бо сифати аъло нигоҳ дошта шавад.
Аммо боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин корхона бештар бо рафтанаш ба пеши занони нонпазе, ки дар назди як танӯр гирд омада буданд, дар хотирҳо нақш баст. Эмомалӣ Раҳмон як кӯлчаи гарми аз танӯр кандашударо гирифта, каме аз он чашид ва сипас хост, ки он кӯлчаро ба касе дароз кунад, вале яке аз занҳои нонпазе, ки дар паҳлуи президент истода буданд, чолокии хосе нишон дода, он кулчаро аз дасти президент қап зада гирифт. Эмомалӣ Раҳмонро аз ин ҳолат хандааш омад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.