расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ НАФАРИ ҶИСМАН СОЛИМ, КИ ХУДРО МАЪЮБУ ДАРДМАНД ВОНАМУД КАРДА, ТАЛБАНДАГӢ МЕКАРДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ НАФАРИ ҶИСМАН СОЛИМ, КИ ХУДРО МАЪЮБУ ДАРДМАНД ВОНАМУД КАРДА, ТАЛБАНДАГӢ МЕКАРДАНД

БОЗДОШТИ ДУ НАФАРИ ҶИСМАН СОЛИМ, КИ ХУДРО МАЪЮБУ ДАРДМАНД ВОНАМУД КАРДА, ТАЛБАНДАГӢ МЕКАРДАНД 
Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як ҳафтаи охир аз ошкор шудани ду ҳолати мардумфиребии талбандагоне хабар дод, ки дар асл солиманд, вале бо мақсади нохун задан ба эҳсоси дилсӯзии мардум ва ба даст овардани пули бештар худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон даст ба гадоӣ мезананд.
Милитсияи пойтахт аз ҷумла рӯзи 15 декабри соли 2023 хабар дод, ки зимни баргузории санҷиши навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Наскова Сафина Маъруфовна, санаи таваллудаш 11 декабри соли 2005, сокини деҳаи Тундара дар канори шаҳри Ваҳдат, ҳангоми дар байни роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул будан боздошт карда шуд.  Дар иттилоия гуфта мешавад, ки “Сафина Наскова ҳар рӯз бо мақсади ба даст овардани маблағ ба шаҳри Душанбе омада, дар аробачаи маъюбӣ нишаста, худро дардманд вонамуд месозад ва дар байни роҳи мошингард ҳолати хатарноку садамавиро ба миён оварда, аз ронандагону роҳгузарон талаби кумак менамуд.  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар асл тану бозӯи солим дошта, мақсадаш танҳо ба даст овардани маблағ мебошад”. 
Ҳафтае қабл милитсияи Душанбе аз боздошт ва ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани Пардаев Бадриддин Искандарович, санаи таваллудаш 11 сентябри соли 1993, зодаи шаҳри Ваҳдат хабар дод.
Гуфта мешуд, Бадриддин Пардаев ҷисман солим аст, вале ӯ дар даст асо гирифта, ба чашмонаш айнак гузоштааст ва худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои пойтахт талбандагӣ мекард. Худи Пардаев дар ин гузориш иқрор кард, ки асои маъюбиро аз як дорухона бо нархи 60 сомонӣ харида, худро ланг вонамуд мекард, то дили мардум бисӯзад ва барояш пули бештар хайр кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.