расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАХТОВАР ОРИПОВ АЗ ИСТАРАВШАН ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Асосӣ / Муҳоҷир

БАХТОВАР ОРИПОВ АЗ ИСТАРАВШАН ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

БАХТОВАР ОРИПОВ АЗ ИСТАРАВШАН ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД
Рӯзи 13 декабри соли 2023 дар шаҳри Истаравшан Бахтовар Орипов, зодаи ин минтақа ва афсари нирӯҳои вижаи Русияро ба хок супурданд. Бахтовар Орипов, ки ҳамагӣ 30 сол дошт ва падари ду фарзанд буд, дар ҷанги Украина кушта шуд. Бахтиёр Насруллоев,  адвокати шинохтаи зодаи Истаравшан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле бо ҳарорат аз ҷанги Русия ба зидди Украина ҳимоят мекунад, бидуни бурдани ном марди кушташударо “додаракам” ном бурда, навишт, ки  ӯ “дар ҷанг бо Украини фашистӣ қаҳрамонона ҳалок шуд”. Бахтиёр Насруллоев иддао кардааст, ки ин зодаи Истаравшан дар Украина “хоки Тоҷикистон, ояндаи миллаташро дар мубориза бо фашизм, миллатгароӣ ва аҳриманхои Ғарб ҳимоя кардааст”. Ӯ дар бораи кай ва дар куҷои Украина дар чӣ шароит кушта шудани марҳум ягон маълумот надодааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дигар сокинони Истаравшан, нафари дар Украина кушташуда Бахтовар Орипов ном дошта,  дар саффи артиши Русия хидмат мекардааст. Бахтовар Орипов баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии нирӯҳои десантӣ дар шаҳри Рязани Русия дар он кишвар монд ва дар ҳайъати нирӯҳои десантии Русия хидмат мекард.   Кай ба Украина бурда шудану дар онҷо кай ва чӣ гуна кушта шудани ин зодаи Тоҷикистон маълум нест. Аз Бахтовар Орипов ду фарзанди хурдсол ятим монд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.