расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!!! ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ 300 РУБЛ ҲАБС КАРДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!!! ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ 300 РУБЛ ҲАБС КАРДААНД

ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!!!
ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ 300 РУБЛ ҲАБС КАРДААНД
Орифзода Синоҷон,  соли таваллудаш 2000 дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли дуюм таҳсил мекард, вале ба сабати пастии сатҳи зиндагӣ маҷбур шуд ба Русия ба мардикорӣ биояд. Синоҷон дар шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав,  воқеъ дар ҳамагӣ 70-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав, ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекард.
Дар аввали моҳи декабри соли 2023 Синоҷон аз назди мағоза як корти бонкӣ ёфта, аз беақлӣ бо ин корт аз он мағоза ба маблағи 300 рубл харид кардааст. Кормандони пулиси Сергиев Посад кӣ будани харидор бо ин корти бонкиро муайян карда, Синоҷонро дастгир кардаанд ва нисбат ба вай парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Додгоҳ бошад то анҷоми тафтиши парванда ҷавони тоҷикро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифтааст.
Зафар Шарифзода тарс дорад, ки Синоҷон Орифзодаро ба сабаби бесоҳибиаш метавонанд барои ҳамагӣ 300 рубл, ки аз беақлӣ ба ин маблағ аз корти бегона харид кардааст, ҷазои сахт бидиҳанд: “Барои Орифҷон адвокат лозим аст ва барои адвокат гирифтан маблағи калон. Аз сабабе ки  маблағ надорад, то ҳол беадвокат аст Синоҷон ва дар ин мулки ғарибӣ низ касе надорад... Агар адвокат нагиранд,  муфаттиш нисбаташ чӣ менависад ва суду прокурор чӣ ҳукм мебароранд, ҳеҷ кас намедонад...”
Ӯ аз ҳамаи ҳамватанон хостааст, ки вазъияти сахти ин ҷавони тоҷикро дарк кунанд вва барои гирифтани адвокат дасти ёрии худро барояш дареғ надоранд, то ки аз бесоҳибӣ барои ҳамагӣ 300 рубл ҳукми зиндонаш надиҳанд.  Онҳое ки мехоҳанд ба Синоҷон Орифзода барои гирифтани адвокат кумак кунанд, метавонанд кумаки худро ба ин корти Сбербонк гузаронанд:
СБЕРБАНК
2202 2062 1922 9189
Рақами пайваст: 
+79533169107
Мирали А
Рақам барои тамос
+7 995 156-91-07

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.