расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚОНУНИ КӮҲ Ё ҶАНГАЛ? ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНА ВА УЗРПУРСИИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ МУНОСИБАТ БО ДУХТАРИ ДОҒИСТОНӢ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ҚОНУНИ КӮҲ Ё ҶАНГАЛ? ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНА ВА УЗРПУРСИИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ МУНОСИБАТ БО ДУХТАРИ ДОҒИСТОНӢ

 ҚОНУНИ КӮҲ Ё ҶАНГАЛ? ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНА ВА УЗРПУРСИИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ МУНОСИБАТ БО ДУХТАРИ ДОҒИСТОНӢ 
11 декабри соли 2023 дар Интернет сабти видеоии аз тарафи издиҳоми зодагони ҷумҳурии Доғистони минтақаи Қафқози шимолии Русия латтукӯб шудани як ҷавони зодаи Тоҷикистон нашр шуд. Ин ҷавонро ба муносибат доштан бо як духтари доғистонӣ айбор карда, ҳамакаса мушту лагатборонаш мекунанд.
Дар видео дида мешавад, ки сару рӯи ҷавон ғарқи хун шудааст ва ӯ мегӯяд, ки ягон қасди баду фикри “расидан ба духтари доғистониро надошт”. Ӯ аз издиҳом илтиҷо мекунад, ки пеш аз задан аввал ягон ӯро гӯш кунанд. “Илтиҷо мекунам, охир ҳамаи мо мусулмонем, иҷозат бидиҳед, ки ман гапамро занам!” Вале издиҳом илтиҷои ӯро сарфи назар карда,  ин ҷавонро ҳамчунон бераҳмона зери мушту лагат мегиранд.
Аз ин сабт маълум намешавал, ки аз ин ҷавони зодаи Тоҷикистон чӣ тақсире гузаштаву ӯ бо он духтари доғистонӣ  чӣ кор кардааст, ки чунин хашми издиҳомро ба бор овардааст? Вале ба дунболи видеои аввал видеои дуюм нашр шуд, ки дар он ин ҷавон аз тамоми мардуми Доғистон барои бо духтари зодаи ин ҷумҳурӣ муносибат доштанаш узр мепурсад.
“Ман дигар ҳеҷ гоҳ чунин иштибоҳро такрор намекунам... Ман аз тамоми халқҳои Доғистон узр мепурсам... Ман ба ҳамаи намояндагони миллатҳои дигар низ машварат медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ ба духтарони доғистонӣ наздик нашаванд ва бо онҳо муносибат накунанд”, - мегӯяд дар пеши видеокамера ин ҷавони зодаи Тоҷикистон. Тавре ба назар мерасад, ӯ ончиро, ки азиятдиҳандагонаш талаб мекунанд, дар пеши видеокамера такрор мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.