расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ СУРГУТ – ХУҶАНД БО ЯК МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД (АКС)

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ СУРГУТ – ХУҶАНД БО ЯК МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД (АКС)

БОЗДОШТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ СУРГУТ – ХУҶАНД БО ЯК МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД (АКС)
Боҷхонаи минтақаи Тюмени Русия рӯзи 12 декабри соли 2023 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Сургут аз бағочи як мусофири парвози Сургут – Хуҷанд 1 миллиону 10 ҳазор рубл пули нақд ёфтаанд. Ин мусофир бо чунин маблағи бузург аз “роҳрави сабз” мегузашт, вале ба даст афтод. Кормандони боҷхона баъди таҳияи протокол 973 ҳазор рубл, муодили 10 ҳазор доллари Амрикоро ба соҳиби пул баргардондаанд, вале 36 ҳазореро, ки меъёр зиёд буд, гирифтаанд.
Игор Галузин, сардори боҷхонаи Сургут дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ин мусофир бояд бо “рпоҳрави сурх” мешузашт ва дар эъломияи гумрукӣ нишон медод, ки бо худ чӣ қадар пул дорад. Бояд таъкид кунад, ки пур кардани эъломияи гумрукӣ бепул аст ва шаҳрвандон барои пуле, ки бо худ мебаранд, ягон хел боҷу хироҷ намесупоранд”.
Аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пули нақд хеле эҳтиёт кунанд, то ки пулҳои бо ин қадар азобу машаққат дар мулки ғурбат бадастовардаашон мусодира нашавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.