расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ АМИРШО МИРАЛИЕВ, ЯКЕ АЗ ЧЕҲРАҲОИ КАЛИДИИ ҲУКУМАТИ ИМРӮЗА

Асосӣ / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ АМИРШО МИРАЛИЕВ, ЯКЕ АЗ ЧЕҲРАҲОИ КАЛИДИИ ҲУКУМАТИ ИМРӮЗА

ДАРГУЗАШТИ АМИРШО МИРАЛИЕВ, ЯКЕ АЗ ЧЕҲРАҲОИ КАЛИДИИ ҲУКУМАТИ ИМРӮЗА
Амиршо Миралиев, мушовири собиқи президенти Тоҷикистон дар масоили кадрҳо, раиси собиқи вилояти Хатлон, раҳбари собиқи дастгоҳи президент ва муовини собиқи раиси парлумон рӯзи 6 декабри соли 2023, ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз зодрӯзаш, дар синни 77 аз олам чашм пӯшид.  Дар  ин бора дар Фейсбук журналист Далер Абдулло хабар дод.  Бино ба иттилои ӯ, Амиршо Миралиев чанд рӯзи охир бо мақсади табобат дар Туркия қарор дошт. Далер Абдулло дар ин бора, ки оё қалби Амиршо Миралиев дар Туркия аз тапидан бозмондааст ё дар Тоҷикистон?, маълумоте надодааст, вале хабар додааст, ки дар назар аст, ки намози ҷанозаи марҳум рӯзи 7 декабр дар зодгоҳаш, маркази ноҳияи Данғара доир гардад.
Амиршо Миралиев 20 декабри соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист (КПСС)-ро дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) хатм кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.