расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СӮИҚАСДИ СОКИНИ РАШТ БА ҶОНИ ҲАМСАРАШ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ

Асосӣ / Ҷомеа

СӮИҚАСДИ СОКИНИ РАШТ БА ҶОНИ ҲАМСАРАШ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ

СӮИҚАСДИ СОКИНИ РАШТ БА ҶОНИ ҲАМСАРАШ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 5 декабри соли 2023 аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба ҷони ҳамсар аз ҷониби шавҳар хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, д марди 29-солаи сокини ноҳияи Рашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.Худи дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи милитсия, гумонбаршаванда, нисфирӯзии шанбе, 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 12:30, дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсари 28-солааш муноқиша кардааст. Шавҳар  дар ҷараёни ҷанҷол корди хоҷагиро гирифта,  ба қисмати чапи қафаси синаи ҳамсараш задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Сабаби ба сари ҳамсараш корд бардоштани ин сокини Рашт норӯшан боқӣ мемонад.
ВКД  танҳo гуфт, нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаҳои 32, қисми 3, 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Қисми якуми моддаи 104 барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале ҷазои сӯиқасд ба одамкушӣ нисбатан камтар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.