расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФАРРУХ ҲАСАНОВ БАРОИ ПИРӮЗӢ ДАР ОЗМУНИ ТВ РУСИЯ ХОНА ТУҲФА КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФАРРУХ ҲАСАНОВ БАРОИ ПИРӮЗӢ ДАР ОЗМУНИ ТВ РУСИЯ ХОНА ТУҲФА КАРД

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФАРРУХ ҲАСАНОВ БАРОИ ПИРӮЗӢ ДАР ОЗМУНИ ТВ РУСИЯ ХОНА ТУҲФА КАРД
Рустами  Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон  рӯзи 6 декабри соли 2023 ба ғолиби озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!”(“Биёед, ҳама якҷоя!”) дар ТВ Русия Фаррух Ҳасанов хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим кардааст. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки дар маросими супурдани калиди хонаи нав Рустами Эмомалӣ Фаррух Ҳасановро бо пирӯзӣ дар чунин озмуни муътабар табрик гуфт ва барои онки номи мардуми тоҷик ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт, изҳори сипос кард, 
Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз доштааст, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад. «Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», — гуфтааст ӯ .
Овозхони ҷавони 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода) дар поёни моҳи ноябр бо таронаи Бруно Марс “Talking to the moon” 98 овоз аз 100 овози 100 узви доваронро ба даст оварда,  дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” ғалаба кард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро ба даст овард.Ба ҳунари баланди овозхони ҷавони тоҷик дар ин озмун овозхонҳои шуҳратёри рус, ба мисли Николай Басков, Филип Киркоров ва Сергей Лазарев баҳои баланд доданд. Киркоров аз ҷумла гуфт, “овозхонҳо зиёданд, вале Фаррух ҳам овозхон асту ҳам Ҳунарманд (Артист)!”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.