расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАСМАН: КРИШТИАНУ РОНАЛДУ БА ДУШАНБЕ НАМЕОЯД

Асосӣ / Ҷомеа

РАСМАН: КРИШТИАНУ РОНАЛДУ БА ДУШАНБЕ НАМЕОЯД

РАСМАН: КРИШТИАНУ РОНАЛДУ БА ДУШАНБЕ НАМЕОЯД
Бошгоҳи “Истиклол” (Душанбе) рӯзи 4 декабри соли 2023 дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ расман хабар дод, ки мутаассифона, ситораи шуҳратёри футболи муосир Криштиану Роналду ба Тоҷикистон намеояд. “Капитани дастаи “Ан-Наср”- Арабистони Саудӣ ва тими яккачини Португалия Криштиану  Роналду дар бозии даври шашуми мусобиқоти гуруҳии лигаи чемпионҳои АФК бо “Истиқлол” иштирок намекунад. Маъмурияти “Ан-Наср” хабар дод, ки Криштиану баъди ҷароҳати дар бозӣ бо бошгоҳи эронии “Персеполис” бардоштааш худро ҳанӯз барқарор карда натавонистааст”, - гуфта мешавад дар хабар.
Бошгоҳи “Ан-Наср” низ дар саҳифааш дар Фейсбук аксҳои аъзои ин дастаро дар фурудгоҳ бо чунин зернавишти кӯтоҳ нашр кард: “Субҳ дар фурудгоҳ. Ба Тоҷикистон меравем”. Дар байни бозигарони дастаи саудӣ дар фурудгоҳ ситораҳое, чун Садио Мане аз Сенегал, Секо Муҳаммад Фофана аз Кот ДИвуар (Соҳили Оҷ), Талиска аз Бразилия ва Отавио аз Португалия дида мешаванд, вале Роналду, мутаассифона, нест.
Маъмурияти “Истиқлол” қаблан хабар дод, ки алакай то 1 декабр ба ин бозӣ беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхтаанд. Ва он ҳам дар ҳоле ки нархи чиптаҳо 100 ва 300 сомонӣ ва нархи чиптаҳои ВИП ҳатто 3 ҳазор сомонӣ аст.Албатта, бисёриҳо барои он ба  ин бозӣ чипта хариданд, ки бозии яке аз ситораҳои аз ҳама барҷас таи футболи ҷаҳониро ба чашм аз пеш бубинанд. Ҳоло бисёре аз ин мухлисон худро фиребхӯрда мешуморанд. “Аз аввал маълум буд, ки Роналду ба ин бозӣ, ки барои дастаи ӯ чизеро ҳал намекунад, намеояд. Вале мо то охирин лаҳза худро умедвор мекардем, ки шояд гираду биояд. Вале мутаассифона, ин умеди мо хок хӯрд...” – менависанд мухлисони ситораи португалӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.