расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРОДАРИ ДУГОНИКАШРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ ДУШАНБЕ, ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВОИ ХУРД ДАР ИСФАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 80 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Асосӣ / Ҷомеа

БАРОДАРИ ДУГОНИКАШРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ ДУШАНБЕ, ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВОИ ХУРД ДАР ИСФАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 80 ҲАЗОР ДОЛЛАР

БАРОДАРИ ДУГОНИКАШРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ ДУШАНБЕ, ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВОИ ХУРД ДАР ИСФАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 80 ҲАЗОР ДОЛЛАР
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 4 декабри соли 2023
Марди 48-солаи сокини  Душанбе  дар хонаашон аз сабаби нофаҳмӣ бо бародараш, марди 48-сола муноқиша намуда, нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ гуфта, ҳамдигарро зери лату кӯб қарор додаанд. Сипас, гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба шиками бародараш задааст, ки дар натиҷа бародараш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
хххххххх
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2023, зани 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Бурсаи  Туркия як хонаи сеҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.