расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШОҲРУХ ХӮҶАЕВ – ОХИРИН НАФАР АЗ ГУРУҲИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” – ХУДРО ИХТИЁРАН БА МАҚОМОТ СУПУРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ШОҲРУХ ХӮҶАЕВ – ОХИРИН НАФАР АЗ ГУРУҲИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” – ХУДРО ИХТИЁРАН БА МАҚОМОТ СУПУРДААСТ

ШОҲРУХ ХӮҶАЕВ – ОХИРИН НАФАР АЗ ГУРУҲИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” – ХУДРО ИХТИЁРАН БА МАҚОМОТ СУПУРДААСТ
Шоҳрух Хӯҷаев, охирин нафари фирорӣ аз гуруҳи  “Дилшоди Красавчик”, тақрибан дар аввали моҳи ноябри соли 2023 худаш аз хориҷ ба Тоҷикистон баргашта, ихтиёран ба мақомот таслим шудааст. Дар ин бора рӯзи 4 декабри соли 2023  ҳамдеҳагони Шоҳрух Хӯҷаев аз деҳаи Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ дар канори шаҳри Панҷакент ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабар доданд.
 Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи расмӣ муяссар нашудааст, вале ба гуфтаи манобеи “Бомдод”,  Шоҳрух Хӯҷаев қабл аз худро ба мақомот супурданаш бо чанде аз ҳамдеҳагон суҳбат карда ва даст доштанаш дар рабудан ва қатли бонкдори маъруфро гӯё рад кардааст. “Шоҳрух гуфтааст, медонад, ки ин корро кӣ кард, одамрабоёнро ҳам хуб мешиносад, вале худи ӯ қӯш набуд”, - нақл карданд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.
Маълум нест, ки Хӯҷаев, ки ба хориҷи Тоҷикистон фирор карда буд, бо кадом роҳ баргаштааст, вале ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, ӯ як шаб дар деҳа истода, фардояш худро ба мақомоти амниятӣ дар шаҳри Панҷакент таслим кардааст. Шоҳрух Хӯҷаматович Хӯҷаев, санаи таваллудаш 17 июли соли 1992, бино ба фарзияи тафтишот, субҳи 25 июли соли 2023, як рӯз баъди рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев бо ҳавопаймои Душанбе – Истанбул ба Туркия фирор карда буд. То кунун ӯ ягона нафаре аз одамрабоён буд, ки куҷо ғайб заданаш ҳадди ақал барои матбуот номаълум боқӣ монда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.