расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФОХТА (МУСИЧА) ПАРАНДАИ СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

ФОХТА (МУСИЧА) ПАРАНДАИ СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

ФОХТА (МУСИЧА) ПАРАНДАИ СОЛИ 2024 ДАР ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД
Дар натиҷаи овоздиҳӣ дар озмуни «Парандаи сол — 2024» фохта (мусича,қумрӣ) парандаи соли 2024 интихоб гардид. Чунин озмун аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон ҳар сол аз ҷониби Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ доир карда мешавад. Дар Тоҷикистон то ин замон парандагони гуногун — ғози ҳиндӣ, кабк, бум, тазавр, лаклаки сафед, шонасарак, шоҳин ва дигар парандагони нодир парандаи сол интихоб шудаанд.
Фохта аз ҷумлаи парандагони нодири ҷумҳурӣ буда, солҳои охир шумораи он хеле кам шудааст. Бар асари тағйирёбии иқлим ва маҳалли зисти фохтак имрӯз ин паранда ҳоли табоҳ дорад ва аз ин рӯ он ба пуштибонии аҳли дӯстдорони табиат ниёз дорад. Худи фохта парандаи хеле зебо буда, бештар дар шохсорон, дар байни долу дарахтон ва айвони хонаҳо лона мегузорад. Соле ду маротиба тухм гузошта, ду чӯҷа мебарорад. Дар табиати ҷумҳурӣ чор намуди фохта сабт шудааст.
Дар назар аст, ки ба ифтихори Парандаи соли 2024 – фохта чун рамзи зебоӣ ва муҳаббат тақвим ва расму мусаввараҳои алоҳида ба табъ расида, давоми соли оянда бо иштироки дӯстдорони табиат ҷашнвораву конфронсҳои илмӣ доир мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.