расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ЛЕКСУС” БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 11 11 БАРОИ “БУҚАГӢ”

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ЛЕКСУС” БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 11 11 БАРОИ “БУҚАГӢ”

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ЛЕКСУС” БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 11 11 БАРОИ “БУҚАГӢ” 
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ронандаи як мошини “Лексус” бо рақамҳои пурвоҳимаи 11 11 барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ дастгир шудааст. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки чӣ гуна ронандаи як мошини “Лексус” дар яке аз кӯчаҳои пойтахт дидаю дониста пеши роҳи мошинҳои дигарро мегирад ва намегузорад, ки ягон мошин аз вай пеш гузарад.
Маркази матбуоти милитсияи Душанбе бо нашри чанд акс хабар дод, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи "Лексус", рақамҳои қайди давлатиаш 11 11 OE 03, шаҳрванд Ахмедов Боирҷон Маҳкамович, санаи таваллудаш 02.06.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.
Айни замон мошини “Лексус” бо рақамҳри “крутой” ба ҷаримагоҳи муваққатии шӯъбаи БДА милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбат ба  ронанда - Ахмедов Боирҷон тибқи талаботи моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ин банди қонун барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 204 то 340 сомонӣ)-ро таъйин кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.