расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ТЕМЕРНИК”-И ШАҲРИ РОСТОВ, МАКОНИ КОРИ САДҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ТЕМЕРНИК”-И ШАҲРИ РОСТОВ, МАКОНИ КОРИ САДҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК

АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ТЕМЕРНИК”-И ШАҲРИ РОСТОВ, МАКОНИ КОРИ САДҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК
Шоми 30 ноябри соли 2023 бозори “Темерник”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳру вилояти Ростов ва ҷануби Русия ба коми оташ рафт. Доманаи оташ хеле зуд аз масоҳати ҳазор метри мураббаъ гузашта, нимашаб, ба гуфтаи раиси бозор Шомил Қарабошев, аз ду ҳазор метри мураббаъ гузашт. Шаҳрдори Ростов Алексей Логвиненко баъди нимашаб дар Телеграм навишт, ки масоҳати сӯхтор то ба 3 ҳазор метри мураббаъ расидаст. 
Наздикиҳои нимашаб нирӯҳои пулис ва ОМОН ба бозори “Темерник” сафарбар карда шуданд. Онҳо бояд ба сӯхторнишонҳо кумак ва риояи тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд. Бино ба хабарҳо, дар атрофи бозори даргирифта садҳо тоҷиру фурӯшандаҳои ин бозор ҷамъ шудаанд ва талош доранд, то ба дӯконҳои худ рафта, ақалан қисме аз молҳои худро аз оташ наҷот диҳанд. Вале мақомот тарс доранд, ки агар издиҳом ба даруни бозор фурӯ бирезад, ин метавонад боиси беназмӣ ва ҳатто сабаби  талафоти ҷонӣ метавонад бишавад.
Дар бозори “Темерник” садҳо муҳоҷир аз Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикҳо, кор мекунанд. 
Соли 2017 низ бозори “Темерник” дучори як сӯхтори бузург шуда буд. Дар он сӯхтор даҳҳо муҳоҷири тоҷик низ зарар диданд: бархеи онҳо молҳои худро аз даст доданд ва бархеи дигар аз ҷои кор маҳрум шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.