расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КОРД ХӮРДАНИ ЯК НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 700 ҲАЗОР ДАР ВАҲДАТ ВА СОКИНИ ДЕВАШТИЧРО ФИРЕБ ДОДАНИ ЗАНИ ҶОДУГАР

Асосӣ / Ҷомеа

КОРД ХӮРДАНИ ЯК НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 700 ҲАЗОР ДАР ВАҲДАТ ВА СОКИНИ ДЕВАШТИЧРО ФИРЕБ ДОДАНИ ЗАНИ ҶОДУГАР

КОРД ХӮРДАНИ ЯК НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 700 ҲАЗОР ДАР ВАҲДАТ ВА СОКИНИ ДЕВАШТИЧРО ФИРЕБ ДОДАНИ ЗАНИ ҶОДУГАР
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 ноябри соли 2023
Ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе шаби 27-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 21:40,  дар дохили маркази савдои «Олами гӯшт», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, аз болои яхдон  корди хоҷагиро гирифта ба сӯи ҷабрдида ҳаво медиҳад. Дар натиҷа, ҷабрдида дар қисмати қафаси сина, аз тарафи чап ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
хххххххххх
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи марти 2023, марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 700 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки тиҷорати фурӯши маҳсулоти хӯроквории ӯро васеъ менамояд, аммо ваъдаашро иҷро накарда, ин пулҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.