расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАИСИ ҶАМОАТИ ИСМОИЛИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

РАИСИ ҶАМОАТИ ИСМОИЛИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

РАИСИ ҶАМОАТИ ИСМОИЛИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД
Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 28 ноябри соли 2023 хабар дод, ки раиси ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Муҳиддинов бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин дастгир шудааст ва инак ду моҳ боз дар боздоштгоҳи воқеъ дар шаҳри Истаравшан зери ҳабси пешакӣ қарор дорад.Ба гуфтаи ин манбаъ, раиси ҷамоат моҳи сентябри соли 2023 аз шаҳрванд "А", истиқоматкунандаи  деҳаи Қароҷингили ҷамоати деҳоти Исмоил, бо ваъдаи барояш ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда, гирифтааст.
“Санаи 23 сентябри соли 2023 дар натиҷаи аз тарафи кормандони ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронидани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ Муҳиддин Муҳиддинов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 10 000  сомонӣ дар ҷои ҳодиса, яъне дар утоқи корияш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта ва гирифта шуд. Инчунин ҳангоми азназаргузаронии утоқи кории ин раиси ҷамоат аз дохили ғаладони мизаш рӯйхате ëфт шудааст, ки дар он ному насаби зиёда аз 10 сокини деҳаҳои Қароҷингил ва Оппон навишта шуда буд. Ҳангоми бозпурсии ин шаҳрвандон маълум гардидааст,,ки онҳо низ бо воситаи Ҳоҷӣ Абдураззоқ ном шахс, ки раиси деҳаи Қароҷингил будааст, ба раиси ҷамоат Муҳиддин Муҳиддинов барои гирифтани қитъаҳои замин ҳар кадом 10 000 сомонӣ маблағ додаанд ”, -   нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.