расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БЛОГЕРИ ТОҶИК МАНИЖАИ УМЕДУЛЛО ДАЪВАТАШ БА МАҚОМОТ ВА ПРОТОКОЛ ШУДАНАШРО ШАРҲ ДОД

Асосӣ / Ҷомеа

БЛОГЕРИ ТОҶИК МАНИЖАИ УМЕДУЛЛО ДАЪВАТАШ БА МАҚОМОТ ВА ПРОТОКОЛ ШУДАНАШРО ШАРҲ ДОД

БЛОГЕРИ ТОҶИК МАНИЖАИ УМЕДУЛЛО ДАЪВАТАШ БА МАҚОМОТ ВА ПРОТОКОЛ ШУДАНАШРО ШАРҲ ДОД 
Блогери ҷавони тоҷик Манижаи Умедулло шоми 28 ноябри соли 2023 бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм таҳти унвони “Танзими анъана ба манфиати мову шумост” сабаби ба Кумитаи дин ва танзими расму ойин даъват шуданашро шарҳ дод.  Ӯ эътироф кард, ки дар ҳақиқат дар тӯйи арӯсии хоҳараш ба хато роҳ додааст.
Манижа дар ин видео гуфт: “Баъди паҳн шудани наворҳо аз тӯйи хоҳарчаи ман, ки чӣ хел мо шамшер мондему пул ҷамъ кардем, маро ба Кумитаи дин ва танзими расму анъана даъват карданд, ҳамсуҳбат шуданд, фаҳмонданд ва ҳатто протокол ҳам карданд. Дар вақти суҳбат ман хатоямро фаҳмидам ва пушаймон ҳастам. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки биёед, ҳама танзимро риоя кунем. Коре, ки ман кардам, шумо такрор накунед”.
Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои Тоҷикистон рӯзи 28 ноябри соли 2023 хабар дода буд, ки  Манижаи Умедулло, блогери ҷавони тоҷикро барои таблиғи як анъанаи “барои мардуми мо бегона” дар тӯйи хешовандонашон ба мақомот даъват карда, бо ӯ “суҳбат” гузарондаанд.Ахиран дар як видео, ки дар Интернет нашр мешуд, дида мешуд, ки хешовандони тарафи арӯс дар  роҳрав роҳи даромади домод ба ҳуҷраи арӯсро бо шамшер баста, аз ӯ тақозо мекунанд, ки аввал дами ин шамшерро бо пул пур кунад ва домод зери кафкӯбиҳо аз ҷайбаш пул бароварда, дар дами шамшер то пур шудани он овезон мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.