расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ 100 ТО 3000 СОМОНӢ: ОҒОЗИ ФУРӮШИ ЧИПТАҲО БА БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” – “АЛ-НАСР”. СУОЛ ИН АСТ, КИ ОЁ РОНАЛДУ БА ИН БОЗӢ МЕОЯД?

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ 100 ТО 3000 СОМОНӢ: ОҒОЗИ ФУРӮШИ ЧИПТАҲО БА БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” – “АЛ-НАСР”. СУОЛ ИН АСТ, КИ ОЁ РОНАЛДУ БА ИН БОЗӢ МЕОЯД?

АЗ 100 ТО 3000 СОМОНӢ: ОҒОЗИ ФУРӮШИ ЧИПТАҲО БА БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” – “АЛ-НАСР”. СУОЛ ИН АСТ, КИ ОЁ РОНАЛДУ БА ИН БОЗӢ МЕОЯД?
Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 27 ноябри соли 2023 хабар дод, ки фурӯши чиптаҳо ба бозии “Истиқлол” – “Ал-Наср” оғоз ёфтааст.  Бино ба иттилои Федератсияи футбол, чиптаҳои ин бозӣ се навъ буда, бо се нархи гуногуни 100, 300 ва 3000 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” рӯзи 5 декабри соли 2023 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00. Бозии якуми ин ду даста дар майдони “Ал-Наср” дар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Голи якуми мизбононро дар он бозӣ ситораи рақами яки “Ал-Наср” Криштиану Роналду вориди дарвозаи “Истиқлол” карда буд.
Ҳоло мухлисони тоҷик бесаброна мунтазири ба Тоҷикистон омадану дар бозӣ бо “Истиқлол” ба майдон баромадани Роналду мебошанд. Агар ӯ биояд, ин нахустин боздиди ин ситораи футболи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хоҳад шуд. Бино ба иттилои манобеи гуногун, дар ҳоли ҳозир масъулони риштаи футболи Тоҷиктстон бо роҳҳои мухталиф талош доранд, ки ба ҳар сурат, ба боздиди Роналду аз Душанбе ноил шаванд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба он ҷониб чанд пешниҳод дода шудааст, аҳ ҷумла инки Роналду биояд ва дар хараки бозигарони эҳтиётии дастааш нишинад ваё барои хурсанд кардани мухлисони тоҷикаш барои як муддати кӯтоҳ, барои мисол, барои 10 ило 15 дақиқа ба майдон барояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.