расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “БО ДОДАРАКАМ МЕРАВАМ...” БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ БУРДАНИ БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Асосӣ / Ҷомеа

“БО ДОДАРАКАМ МЕРАВАМ...” БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ БУРДАНИ БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

“БО ДОДАРАКАМ МЕРАВАМ...” БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ БУРДАНИ БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ 
Як ҷавони тоҷик дар як видеои кӯтоҳ, вале хеле самимона дар бораи дар Русия ба хидмати ҳарбӣ бурдани ӯву боз чанд бачаи дигари тоҷик хабар додааст. Дар ин видео як ҷавони тоҷик, ки риши кӯтоҳи навдамида, дар сараш кӯлоҳ ё шапкаи зимистонаи сарбозӣ ва дар сари китфаш борхалта дорад,  қатори ҷавонони мисли ӯ кӯлоҳҳои ҳарбӣ дар сару борхалтаҳо дар сари китфро нишон медиҳад, ки аз як роҳи барфпӯш зоҳиран аз нуқтаи сарбозгирӣ (сборный пункт) ё коммисариати ҳарбӣ дар яке аз шаҳрҳои Русия  ба тарафи макони хидматашон рафта истодаанд. “Короче (кӯтоҳи гап), ина бачаҳакҳо ҳамакаса рафта истодаанд”, мегӯяд ҷавони тоҷик бо забони тоҷики махлут бо бархе вожаҳову ибораҳои русӣ. Маълум нест,  ки оё ҳамаи сафарбаршудагон тоҷиканд ё танҳо як қисмашон, вале инки дар байнашон чанд нафар тоҷик ҳаст, аз суҳбати байни онҳо бо забони тоҷикӣ ва ҳам аз ин ки ҷавони муаллифи видео як нафари аз ӯ дар қатор пештар истодаро “Раҳмон, эй Раҳмон!” гуфта нидо мекунад, яқин мешавад. 
Ҳамин тавр, муаллифи видео як ҷавони дигари низ ғолибан тоҷикро, ки аз қафотари қатор ба  ӯ баробар мешавад,  “братишка” (“додарак”) гӯён хитоб мекунад ва мегӯяд: “Ина қатӣ ҳамин братишкаам меравем, боз соқу саломат меоем, иншоАллоҳ! Ина бачаҳакҳо ҳамакаса рафта истодаанд. Ба хидмати падару модар.  Ништякай (олӣ аст) ҳама чӣ! Рафта истодаем ба хидмат”.
Кай ва дар кадом шаҳри Русия сабт шудани ин навор маълум нест. Бисёриҳо дар зери видеои ин бачаи тоҷик дар ҳаққи ӯ ва ҳамаи бачаҳои тоҷике, ки дар Русия ба хидмати ҳарбӣ бурда мешаванд, дуо кардаанд, ки Худованд нигаҳбонашон бошад. Корбарон ҳамин тавр, аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки мабодо мақомоти Русия ин бачаҳои ҷавони аз сад гул як гулашон ношукуфтаро ба ҷанги Украина баранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.