расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОНАНДАИ СОЛХӮРДАИ “РАХШ ТАКСИ”-РО БАРОИ ДАҒАЛӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ КОР РОНДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

РОНАНДАИ СОЛХӮРДАИ “РАХШ ТАКСИ”-РО БАРОИ ДАҒАЛӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ КОР РОНДАНД

РОНАНДАИ СОЛХӮРДАИ “РАХШ ТАКСИ”-РО БАРОИ ДАҒАЛӢ ҶАРИМА БАСТА, АЗ КОР РОНДАНД 
Рӯзи 26 ноябри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дағалрафтории як ронандаи “Рахш Такси” нашр шуд. Ба гуфтаи муаллифи видео, дар назди бозори “Меҳргон” ронандаи солхӯрдаи таксие, ки ӯ манъ кард, бо баҳонаи  инки ӯ бо худ бор дорад, гуфтааст, “ман туро намебарам”. Муштарӣ аз ронанда пурсидааст ки: “Барои чӣ намебаред? Ман аз шумо шикоят мекунам ба ширкататон". Аммо ронанда посухаш додааст, ки ҳам ӯро ва ҳам ширкаташро фалон мекунад. Ин видео мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва бисёриҳо бо маҳкум кардани рафтору гуфтори ронандаи боз солхӯрда аз мақомот хостанд, то нисбат ба ӯ чора бияндешанд.
Вокуниши мақомот дер накард. Муассисаи давлатии коммуналлии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки умури нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистонро дар даст дорад, алакай шоми 27 ноябр  хабар дод, ки “шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби ҶДММ "Сайёҳон"  (Рахш Такси – 33 33) яктарафа қатъ гардида,  рақами давлатии воситаи нақлиёт барои аз қайди ҷамъият баровардан гирифта шуд”. 
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе субҳи 28 ноябр хабар дод, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, шаҳрванд Маҳмаднуров Зариф Абдулҳакимович, санаи таваллудаш 10.03.1960, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи авотомашинаи тамғаи «Ҳюндай», рақами қайди давлатиаш 85 71 ТТ 05, барои дағалгуфторӣ дастгир шуд ва дар асоси қарори додгоҳ нибати номбурда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 680 сомонӣ татбиқ карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.