расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАНҶОЛУ ЗАНОЗАНИИ ХУШДОМАН ВА КЕЛИН ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ТИФЛОНИ ХУРДСОЛ

Асосӣ / Ҷомеа

ҶАНҶОЛУ ЗАНОЗАНИИ ХУШДОМАН ВА КЕЛИН ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ТИФЛОНИ ХУРДСОЛ

ҶАНҶОЛУ ЗАНОЗАНИИ ХУШДОМАН ВА КЕЛИН ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ТИФЛОНИ ХУРДСОЛ
Як келин бадрафтории хушдоманаш нисбат ба худро сабт карда, дар Интернет гузоштааст. Дар сабт дида мешавад, ки келин, ки рӯи худаш наменамояд, хушдоманашро бо телефон ба навор гирифта истода, ӯро гунаҳкор мекунад, ки бо чӯб латтукӯбаш кардааст.Хушдоман, ки ӯ ҳам дар даст телефон дораду маълум нест, ки ӯ ҳам ба навор гирифта истодааст ваё мехоҳад ба касе занг бизанад, иддаои келинашро рад мекунад ва қасам мехӯрад, ки ба ӯ даст нарасондааст. Келин ҳамчун шоҳид духтарчаи хурдсолашро, ки дар ҳуҷраи дигар гиря карда, нишаста буд, даъват мекунад ва аз ӯ мепурсад, ки “момаат маро бо чӣ зад? Бо чӯб зад?” Духтарча ҳамчунон гирёну нолон тасдиқ мекунад, ки “зад”. Дар идомаи сабт хушдоман инони ихтиёрро аз даст дода, аввал ба сӯз додану усал кардани келинаш мепардозад ва сипас ба ҳуҷраи ӯ даромада,  ба чаппа кардани ҷевону оина ва дигар чизу чорааш шурӯъ мекунад. Иттифоқан бархе аз ин чизу чора болои кӯдаки дуюми келин меафтанд ва ӯ доду ғиревро мебардорад, ки “бачаамро куштӣ!”
Муноқишаҳо байни хушдоманҳо ва келинҳо як мушкили доғ дар бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷомиашиносон як сабаби онро дар ин мебинанд, ки дар бисёр оилаҳо ба сабаби дасти кӯтоҳ ва тангии шароит баъди издивоҷи фарзандон низ маҷбуранд чандин сол ҳамроҳи оилаи фарзандашон зери як бом зиндагӣ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.