расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ваъдаи Мишустин барои татбиқи фаврии созишҳои роҳбарони Тоҷикистону Русия

Асосӣ / Сиёсат

Ваъдаи Мишустин барои татбиқи фаврии созишҳои роҳбарони Тоҷикистону Русия

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон аз ҳадди 90 млрд рубл ва ё 10 млрд сомонӣ гузаштаст
 22 ноя — Ҳукумат татбиқи фаврии созишҳои ҳосилшуда дар мулоқотҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Русияро таъмин мекунад.
Ин нуктаро сарвазири Русия, Михаил Мишустин дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми гардиши коло миёни ду кишвар дар нуҳмоҳа аз 90 млрд рубл бештар шуда, ҳаҷми умумии маблағгузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон 148 млрд рублро ташкил додаст.
"Тиҷорати Русия ба пешбурди лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо манфиатдор аст", - гуфт ӯ.
Дирӯз, 18:10

Мишустин зикр намуд, ки зиёда аз 70 вилояти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон робитаҳои мустақими корӣ доранд, ки миёнашон Маскав, Санкт-Петербург, Тотористон, Бошқирдистон, Олтой, Астрахан, Нижний Новгород ва Новосибирск пешсафанд.
Вай ҳамчунин аз ҳамкорӣ дар соҳаи маориф тавсиф намуда, далел овард, ки феълан дар Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, аз ҷумла ҳудуди 900 ҷой тибқи квотаи ҳукумат.
Сарвазири Русия инчунин аз Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба рушди забони русӣ дар ҷумҳурӣ миннатдорӣ карда, 5 мактаби таҳсилот бо забони русиро рамзи нави дӯстии ҷонибҳо хонд.

Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.