расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА ТОҶИКИСТОН ДАР СЕ СОЛИ ОХИР БЕШ АЗ 1600 ЭЛЕКТРОМОБИЛ ВОРИД КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

БА ТОҶИКИСТОН ДАР СЕ СОЛИ ОХИР БЕШ АЗ 1600 ЭЛЕКТРОМОБИЛ ВОРИД КАРДААНД

БА ТОҶИКИСТОН ДАР СЕ СОЛИ ОХИР БЕШ АЗ 1600 ЭЛЕКТРОМОБИЛ ВОРИД КАРДААНД
Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки аз аввали соли 2021 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 1600 мошини барқӣ (электромобил) ворид карда шудааст. Муаллифи гузориш Рухсораи Нур бо такя ба омори расмии Хадамоти гумрук менависад, агар соли 2021 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 47 электромобил ворид шуда бошад, ин рақам дар соли 2022 ба 767 адад расид, ки назар ба як соли қабл 720 адад, ё 15 маротиба зиёд аст. 
Муаллиф менависад, воридоти электромобилҳо ба кишвар дар пайи пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ироаи имтиёзҳо ба воридкунандагони мошинҳои барқӣ вусъат ёфт. Дар пайи ин пешниҳод, ба Кодекси андоз тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуд.
Чанд ронандаи электромобил дар пойтахт ба “Ховар” бархе бартариҳои ин навъи нақлиётро баршумурдаанд: “Ин нақлиёт овози баланду бӯи ғализи сӯзишворӣ надошта, ба муҳити зист зарар намерасонад. Аз ҳама асосиаш камхарҷ мебошад. Масалан, як намуди электромобиле ҳаст, ки бар ивази 50 сомонӣ батареяи онро пур карда, то 350-400 км роҳро тай кардан имкон дорад”.
Ин ронандагон дар айни замон нархи мошинҳои барқиро хеле гарон хонда, изҳори умед кардаанд, ки бо афзоиши шумори чунин мошинҳо дар бозори Тоҷикистон нархи он поён меравад.
Аммо “Ховар”дар гузоришаш як мушкили дигари марбут ба истифодаи мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистонро зикр накардааст. Ба гуфтаи ронандагон, дар ҳоли ҳозир, электромобилҳо ба ҷуз аз Душанбе ва манотиқи наздики атрофи он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон қобили истифода нестанд, зеро зербинои он, аз ҷумла нуқтаҳои пур кардани нирӯи барқ барои чунин васоили нақлиёт дар аксари манотиқ вуҷуд надорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.