расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАТАРИ ТАРКИШИ МОШИНИ ГАЗ БАРТАРАФ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАТАРИ ТАРКИШИ МОШИНИ ГАЗ БАРТАРАФ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХАТАРИ ТАРКИШИ МОШИНИ ГАЗ БАРТАРАФ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД 
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS), ки асъулияти нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд  - Чаноқро дар даст дорад, шоми 15 ноябри соли 2023 хабар дод, ки хафви таркидани мошини газ, ки дар километри 27- уми роҳи Душанбе – Хуҷанд  - Чаноқ ба садама дучор шуда буд, бартараф гардид ва ба ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути  ин шоҳроҳи ягонаи байни шимол ва маркази Тоҷикистон иҷозат дода шуд. IRS  ба ронандагону мусофирон барои дарки моҳияти  тасмими муваққатан манъ намудани равуои мошинҳо ва ҳамдигарфаҳмии комил дар ин масъала изҳори сипос кардааст.
Ширкат иловатан бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки гази моеъ аз мошине, ки дучори садама шуд, ба мошинҳои дигар интиқол додаанд.
IRS нимаи дуюми рӯзи 15 ноябри соли 2023, соати 14:30 эълон кард, ки чанд лаҳза пеш дар километри 27-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд  - Чаноқ як мошини боркаши барои интиқоли газ пешбинишуда ба садама дучор гардидааст. Бо назардошти он ки хафви таркидани автомобили мазкур вуҷуд дошт, дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ муваққатан манъ карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.