расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАМАЗОН ҚОДИРОВ БА ПИСАРИ 15-СОЛААШ МАНСАБ ДОД

Асосӣ / Ҷаҳон

РАМАЗОН ҚОДИРОВ БА ПИСАРИ 15-СОЛААШ МАНСАБ ДОД

РАМАЗОН ҚОДИРОВ БА ПИСАРИ 15-СОЛААШ МАНСАБ ДОД
Одам Қодиров, писари 15-солаи Рамазон Қодиров, роҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия, сардори муҳофизони падараш таъйин шудааст. Яъне ин ноболиғи 15-сола, амалан ҳамаи муҳофизони падарашро, ки аксарият хатмкардагони донишкадаҳои ҳарбианду рутбаҳои афсарӣ доранд, зери итоати худ қарор додааст. Аз ин пас муҳофизони роҳбари  Чеченистон фаъолияти худро таҳти амру фармонҳои Одам Қодиров, ки бо тахаллуси "Дӯстум" маъруф аст, пеш хоҳанд бурд.  Тибқи қонунгузории Русия шахсони ба синни 15 расида метавонанд бо корфармо шартномаи меҳнатӣ имзо намуда, дар давоми рӯз ба таври маҳдуд корҳои сабук ва барои саломатии онҳо бе хатарро анҷом диҳанд. Аммо маълум нест, ки Одам Қодиров оё чӣ гуна метавонад тамоми рӯз кор кунад? Ва он ҳам дар ҳоле ки мактабро ҳам ҳанӯз хатм накардааст
Номи Одам Қодиров замоне дар матбуот роҳ ёфт, ки падарш Рамазон Қодиров дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ сабти видеоиеро нашр намуд, ки дар он писари ноболиғаш дар дохили боздоштгоҳ Никита Журавел, нафареро, ки ба сӯзонидани Қуръон муттаҳам мешавад ва дар Грозний таҳти боздошт қарор дорад, лату кӯб мекунад. 
 Бархе бар инанд, гӯё Рамазон Қодиров писарашро  ба ҷои худаш омода карда истодааст.Оиша як духтари Рамазон Қодиров, ки чанд сол вазири фарҳанги Чеченистон буд, ҳоло муовини сарвазир аст. Шавҳари ӯ низ муовини сарвазири Чеченистон аст. Дар умум, аксари курсиҳои раҳбарии Чеченистон дар дасти хешу табори Рамазон Қодиров қарор доранд ва ба ин далел ҳукумати ин ҷумҳуриро “ҳукумати оилавии авлоди Қодиров” низ ном мебаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.